КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 402 | Санаи нашр: 17 Ноябр 2023

Санаи 17.11.2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар заминаи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ кори конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” кори худро оғоз намуд. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон, кормандони вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва аспирантону унвонҷӯён иштирок намуданд. 

Ҷаласаи пленарии конференсияро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Х.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба ҳолати муосир ва муаммоҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ суханронӣ намуд.

Сипас, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии техникии Новосибири Федератсияи Россия Черняков Михаил Константинович тариқи маҷозӣ дар мавзӯи “Шиддатнокии иҷтимоӣ дар иқтисодиёти рақамӣ”, д.и.и., профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Фақеров Ҳ.Н. дар мавзӯи “Иқтисодиёти рақамӣ ва нақши он дар соҳибкории тиҷоратӣ”, д.и.и., профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абдуғафор Рауфӣ дар мавзӯи “Имкониятҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”, Забирзода Некруй - сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои асосии дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”, Рустамҷони Сайдулло - муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи  “Соҳибкорӣ  ва нақши он дар саноатикунонии босуръати кишвар”, н.и.и., дотсенти  кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ  Исматуллоев И.У., дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд. Дар ҷамъбасти ҷаласаи пленарии конференсия д.и.и., профессор Раҷабов Р.К баромад намуда, андешаҳояшро баён намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ  муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров суханронӣ намуда, ба маърузачиён ва иштирокчиён конференсия изҳори миннатдорӣ намуд.

Рӯзи 18.11.2023 конференсияи мазкур кори худро дар бахшҳо идома медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top