НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИИ МИЛЛӢ

Бинанда: 358 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2023

16-уми ноябри соли 2023 бо ибтикори бахши кор бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид тарбия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳисориева Гулнора Тоировна оғоз намуда, доир ба аҳамияти таърихии   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ибрози андеша кард.

Сипас, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” -и Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидхон Нуриддинов суханронӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳими Иҷлосия, интихоби фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомал  Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳми Пешвои миллат дар таъмини сулҳу суботи  кишвар ибрози ақида намуд.

Ҷамила Ғафурова, мудири  шуъбаи фарҳанг ва осорхона дар мавзуи “Нақши хиради зан дар тарбияи фарзандони барӯманд” баромад намуда, қайд кард, ки набзи имрӯзаи замон тақозои онро дорад, ки модари тоҷик бояд ба хотири эҳтиром ба хоки муқаддаси ватан маърифату маданияти баланд дошта бошад, то фарзандонеро чун Пешвои муазами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони Тоҷикистон ба камол расонад. Ба зиндагӣ ба чашми хирад нигоҳ кунад ва дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад. Зеро дар тарбияи фарзанди барӯманд хираду донишу маданият хеле муҳим аст.

Дар музокираи масъалаҳои баррасишуда мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон Сураё Қурбонова ва устодону донишҷӯён баромад намуда, арзу сипоси худро барои ғамхориҳои Сарвари давлат ва тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар махсусан, дар ҳаёти ҷавонон баҳои баландро муносиб донистанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид тарбия  Ҳисориева Гулнора ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top