ТАМАННИЁТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 31-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 248 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2023

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

 Ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ самимона табрику муборакбод мегӯям.

31 сол муқаддам, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб иҷлосияе баргузор гардид, ки он дар таърихи халқи тоҷик бо унвони санаи сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд. Зеро Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти кишвар гузариши куллиро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ фарзонафарзандеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд, ки бо кору пайкор, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонааш тавонист, ки халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот диҳад. Яъне роҳбари давлат дар саргаҳи фаъолияти худ ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлату миллатро гузошт ва ба ин васила истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ, яъне 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон умед ва боварҳои нав ба ояндаи неки Тоҷикистонро заминагузорӣ намуд. 16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони халқ савганд ёд намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ кард.

Фаъолияти ҷудонопазир аз хирад, дониш, ахлоқ, фарҳанг ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар мактаби сарвариро ташаккул дод, ки ин дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми сиёсиро доро аст. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар мамлакат мактаби қавии сарварӣ ташаккул ёфтааст, ки меъмор ва бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ин мактаб дар омода намудани кадрҳои соҳаи миллӣ нақш ва мақоми муҳим дорад.

Бешак, метавон гуфт, ки дар мавҷудият, бақо ва рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ниҳоди Президентӣ, махсусан шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ба вуқуъ пайвастани ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ – Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва маросими савгандёдкунии Президент дар санаи 16-уми ноябр аз муҳим будани ин рўз дарак медиҳад.

Фаъолияти самарабахш ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ ва таъмини амнияти давлат аҳамияти сиёсӣ ва тарбиявии таҷлили Рӯзи Президентро даҳчанд намудааст. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин рӯз, ин эҳтиром ба ҳастии миллат, мавҷудияти давлат ва заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои умумимиллӣ мебошад.

Бо дарназардошти хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд ва тибқи он ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати навини тоҷикон маҳсуб меёбад, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданашон ватандӯсти ҳақиқӣ, ғамхори халқу миллат ва ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани хешро собит намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таҷлили дигар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ вобаста ба баргузории ҷашнвораҳо дар иртибот бо бузургдошти олимон, сиёсатмадорон ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат саҳми беназир доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро маҳз ба шарофати ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва иқдомоти башардӯстонаи Роҳбари оқилу дурандеш ва ваҳдатофару сулҳдӯсташ ҳамчун кишвари нақшофар дар сиёсати байналмилалӣ, пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, дорои мавқеи устувор ва таъсиргузор дар рафъи мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва сайёра мешиносанд.

Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати ягонагии мардуми Тоҷикистон ва боварии нуфузу мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Бори дигар ҷашнҳои Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиро бароятон муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодати рўзгор ва дар кору фаъолиятатон барору комёбӣ орзу менамоям.

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top