Таҷлили Рӯзи Президент ва 31 – солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсоз

Бинанда: 370 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2023

15 – уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президент ва 31 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. 

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳамияту рисолати бузурги ин ҷашнҳои фархунда ва хидматҳои беназиру мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва пешрафти   давлатдории миллӣ суханронӣ кард.

Ҳамзамон, омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва маърифативу сиёсӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардида буд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз ҷониби дастаи “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ омода карда шуда буд, ба маҳфил зебоиву таровати тоза зам намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top