Викторина бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат

Бинанда: 247 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2023

14 - ноябри соли 2023 мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети молия ва қарз бо ташаббуси раёсати таълим ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ, викторина оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои Миллат дар байни донишҷўёни курси 1-уми ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, гумрук ва молия гузаронида шуд.

Дар викторина муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. ва ҳайати ҳакамон дотсентон Неъмонов Ҷ., Хуморов Д., Шарипов М. ва муаллими калон Муҳаммадсафои И. иштирок доштанд.

Аз рўи натиҷаи саволу ҷавобҳо ҷои якум ба донишҷӯёни ихтисоси 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ, ҷои дуюм ба ихтисоси 960101 – фаъолияти гумрукӣ ва ҷои сеюм ба ихтисоси 250104 - молия ва қарз дода шуд. Ғолибони викторина аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top