МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Бинанда: 272 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2023

14-уми ноябри соли 2023 дар донишгоҳ бо ибтикори кафедраи молия мизи мудаввар дар  мавзӯи «Саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими истиқлолияти миллӣ» баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини якум, муовини ректор оид таълим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  Абдукарим Қурбонов оғоз намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ ибрози андеша кард.

Сипас, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи тақдирсоз, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдусаттор Ҷабборов бо маърӯзаи пурмазмун суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки бо ибтикори нерӯҳои солим ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз тарафи вакилон номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва аз 197 нафар вакили мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон овоз доданд. Ниҳоят 19-ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ки минбаъд дар эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷик басо ҷонбозиҳо карда, сазовори эҳтироми хос ва эътирофи оламиён гардиданд. Мавсуф, инчунин, оид ба саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар ибрози ақида намуд.

Омӯзгори кафедра Холаҳмади Сайалӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар” маърӯза намуда, ба тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар баҳои баландро муносиб донист.

Доир ба мавзӯи мизи мудаввар, инчунин профессор Раҷаб Раҷабов ва дотсент Бойалӣ Ҳусенов  суханронӣ намуданд.

Донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси молия ва қарз Амонова Муҳайёхон ва Маҳмадуллоев Шаҳзод низ доир ба мавзӯи матраҳшуда маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид таълим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Қурбонов фикрҳои худро доир ба мавзӯи зикршуда баён карда, ба нотиқон ва иштирокчиёни мизи мудаввар арзи сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top