Баргузории чорабинии “Кадбонуи беҳтарин”

Бинанда: 292 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2023

Тибқи  нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба гузаронидани  чорабиниҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотӣ ва маҳфилҳои тарбиявӣ баҳри нигоҳдории урфу одат, одоби муоширату муносибат кардан, либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ бо иштироки падару модарон ва омӯзгорони ботаҷриба   дар хобгоҳи донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 09 ноябри соли 2023 маҳфили доимамалкунандаи "Кадбону" бо иштироки волидайни донишҷӯён  гузаронида шуд.

 

Дар маҳфил тарзи пухтани Оши палав, тайёр намудани хӯриш аз сабзавотҳо ва оро додани дастархони тоҷикона  омӯзонида шуд. Донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо роҳбарии корманди Раёсати корҳои тарбиявӣ Қурбонова Сураё оши палавро   омода намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top