Табрикоти ректори ДДТТ доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Х.Х. ба муносибати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 299 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2023

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак устодону донишҷӯёни азиз!

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни арҷманд!

Ба қабул гардидани Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  алҳол 29 сол сипарӣ гардид ва боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки ҳамасола дар сартосари Ҷумҳурии азизамон ин санади муҳимми ояндасозро  бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамоянд.

Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат тавонистааст дар худ тамоми назарияву таълимотҳои умумии эътирофгаштаро вобаста ба ҳуқуқи инсон ҷой диҳад. Ба ғайр аз оне ки дар Конститутсия масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ танзим гаштаанд, диққати асоси ба инсон, ҳуқуқ ва озодии он дода шудааст. Мақоми олӣ додан ба инсон дар сатҳи Конститутсия ин яке аз хислатҳои беназири он мебошад, ки ҳар яки моро зарур аст инро қадр ва арҷгузорӣ намоем. Далели дигари гуфтаҳои боло ин аст, ки зиёда аз 30 моддаи он ба масъалаҳои ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Яъне аз се ду ҳиссаи Конститутсия ба ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Ин гувоҳӣ аз инсонмеҳварии Конститутсия мебошад.

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдан 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин амал ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии  ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат намуд. Конститутсияи кишвари мо “Дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд. «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Қобили қайд аст, ки дар муддати 29 сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки самараи  ин ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошанд.

Дар маҷмуъ бо боварии комил метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон маҳз пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии давлату ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ гардидааст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо - ҳамкорону донишҷӯён ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно мекунам ва дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.

 

Тансиҳату саодатманд бошед, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top