ОЗМУНИ «ХУРИШҲО, ШИРИНИҲОИ (ДЕСЕРТӢ) МИЛЛӢ ВА МУОСИР»

Бинанда: 455 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2023

Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» дар шаҳри Душанбе озмуни “Хуришҳо, шириниҳои (десертӣ) миллӣ ва муосир” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳо, тарғиби эҳтиром ба ғизо ва ҳунари ширинипазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни шириниҳои минтақаҳои кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни он, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани шириниҳои гуногуни миллию муосир ва ҳарчӣ бештар тарғибу ташвиқ кардани намуди шириниҳо иборат буд.

Дар чорабинии мазкур дастаи ҳаваскорони “Тоҷири Аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо дастагули мусиқӣ, ки саршор аз тавсифи Ватан, осоиштагӣ ва тараннуми кишвари биҳиштосои Тоҷикистон иборат буд, баромад намуда хотири сокинони Душанбешаҳрро болида гардониданд.  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top