Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 29-ум солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 392 | Санаи нашр: 02 Ноябр 2023

Санаи 02.11.2023 дар   Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 29-ум солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсия - дастоварди муҳимми ҳуқуқии халқи тоҷик” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дотсент Ф.Ш. Алиев ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Конститутсия дастоварди беназири ҳуқуқии халқи тоҷик буда, дар он тамоми ормонҳои давлатдории халқи тоҷик ифода ёфтааст. Сипас, дотсенти кафедра Ф.Н. Ҷабборов дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар бунёди давлати демократии Тоҷикистон” ва мудири кафедра дотсент  Ф.Ш. Алиев дар мавзӯи “Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ маърузачиён ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top