ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ «ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» ДАР ДОНИШГОҲИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 318 | Санаи нашр: 26 Октябр 2023

ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ «ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» ДАР ДОНИШГОҲИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН

26 Октябри соли соли 2023 дар Донишгоҳи Тиҷоратии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони донишгоҳ муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Кумита иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.

Ҳамоишро муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки мақсади асосии он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҷавононро яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз ҳисобида, иброз дошт, ки ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидиро мебозад. Махсусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор ҷавонон мебошад.

Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифтротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Дар ҳамоиш ба унвони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва ба як қатор ҷавонони фаъоли муассисаи мазкур барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top