Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии пасандоз

Бинанда: 441 | Санаи нашр: 13 Октябр 2023

Рӯзи 12-уми октябри соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии ДДТТ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пасандоз” (World saving day) бо иштироки кормандони КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" ва устодону донишҷӯёни ихтисосҳои молия, кори бонкӣ ва маркетинг семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинарро мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ н.и.и., дотсент Лоиқ Ҳалимов оғоз намуда иброз дошт, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти миллӣ ташкил ва гузаронидани нишасту вохӯриҳо барои беҳтар шудани сифати кору хизматрасониҳои соҳа, баланд гардидани савияи дониши молиявии донишҷӯён ва доираи васеи шунавандагон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сардори шуъбаи методии КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" Мирзоҳомидзода И. оид ба масъалаҳои моҳияти пасандоз, зарурат ва шартҳои қабулу пардохти маблағи даромад андешаҳояшро баён намуд.

Қаюмов Ф.Б.-сармутахассиси шуъбаи кортҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ доир ба  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба беҳтар намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, пардохтҳо бо кортҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ фикру мулоҳизаҳояшро иброз дошт.

Дар хотимаи семинар Лоиқ Ҳалимов иброз дошт, ки ташкил ва гузаронидани семинари имрӯза хеле муфид буда, донишҷӯён ба мазмуну моҳияти  масъала, яъне муомилоти ғайринақдӣ, раванди пасандозгузорӣ ва саводнокии молиявӣ маълумоти бештар гирифтанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top