Чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Поянда бод Истиқлол” бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 239 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2023

Санаи 8 сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Поянда бод Истиқлол” бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Саидаҳмад чорабинии расмиро ифтитоҳ намуда, меҳмонон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар маросими идона доктори илмҳои филологӣ, профессор Казакова Умриннисо Санговна суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ омӯзгороне, ки сазовори унвони илмӣ гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисми фарҳангии ҷамъомад барномаи омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки аз сурудҳо дар васфи Истиқлолият, Модар, Ватан ва рақсҳои ҷолиб иборат буданд, ба ин маҳфили бошукӯҳ зебоию таровати тоза зам намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top