Табрикоти ректори Донишгоҳ - Назарзода Х.Х. бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 407 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2023

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Нахуст муқаддастарин ҷашни миллӣ, яъне 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон сидқан табрику таҳният гуфта, дар касбу коратон, ки бениҳоят заҳматталаб асту масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, барору комёбӣ орзу менамоям.

Боиси фараҳмандист, ки ҷашни истиќлол ҳамасола дар Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу субот ва давлатдорию соҳибистиқлолӣ ҷараён мегирад.

Мусаллам аст, ки пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.

Омӯзгорон ва донишҷуёни азиз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бори дигар собит намуд, ки давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри зиндагии осоиштаи мардум, пойдории сулҳу субот дар кишвар, минтақа ва сайёра тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Соҳаи маориф, ки дар рушду нумуи он Шумо профессорону омӯзгорон низ саҳми назаррас доред, ба шарофати ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба яке аз соҳаҳои муҳимму пешрафта табдил ёфтааст.

Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тайи солҳои охир ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки бешак, ҳамаи онҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллї ба даст омадаанд.

Истиқлолияти кишвар, ки пагоҳ 32-юмин солгарди он дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он таҷлил мегардад, воқеан ҳам, неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри он расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлатии хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Боварӣ дорам, ки Шумо профессорону омӯзгорони донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Бори дигар Шумо ҳамкасбону донишҷӯёни азизро бо солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон дар раванди таълиму тарбия ва донишандӯзӣ комёбию муваффақиятҳои беназирро орзу дорам.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top