РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Бинанда: 324 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2023

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲИ

 ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

   Имруз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ доктори илмҳои техникӣ, и.в.профессор Назарзода Х.Х. ва мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳабибзода Фарҳод, ноибони ректор, ҳайати професорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон пахши мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии вилояти Хатлон дар шаҳри Данғаро бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастаҷамъона тамошо намуданд

Дар ҷараёни суханронии Пешвои муаззами миллат оид ба нақши маориф дар рушди ҷомеа ва давлат андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки: “... илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.”

Баъд аз фарҷоми суханронии Пешвои миллат ректори донишгоҳ профессор Назарзода Х.Х. ва мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳабибзода Фарҳод суханронӣ намуда, ҳайати професорону омӯзгорон, донишҷӯёну магистрантон ва кормандони донишгоҳро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, барояшон дар соли нави хониш муваффақияту комёбӣ ва пешравиҳои назаррасро таманно намудаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top