Густариши робитаҳои байналмилалӣ

Бинанда: 375 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2023

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ густариши робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо донишгоҳу муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ кишвар алалхусус бо давлатҳои ҳамҷавор ба ҳисоб меравад. Дар партави сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи барномаҳои гуногуни таълимӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондааст.

Аз 28-ум то 29-уми августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи иқтисодиёт ва хизматрасонии Самарқанд Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Урунова Сарвиноз Азизовна бо ректори донишгоҳи мазкур вохӯри намуданд. Дар доираи вохӯри нисбати самтҳои табодули академӣ, гузаронидани семинару конференсияҳои илмӣ, таҳқиқоти илмӣ ва дигар ҷанбаҳои илмиро барраси карданд. Дар ин асос нисбати тақвияти ҳамкориҳо байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодиёт ва хизматрасонии Самарқанд барои дар оянда боз ҳам густариши робитаҳои илмиву таҳқиқоти маслиҳатҳои муфид ба анҷом расонида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top