Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ”

Бинанда: 359 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2023

Ҳозирини арҷманд, устодони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз!

Боиси ифтихор ва сарфарозӣ ҳамаи мо - маорифчиёни кишвар аст, ки ҳамасола таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чун анъанаи нек бо “Дарси сулҳ”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад, ки ин бешубҳа баёнгари таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва илм буда, дар ин замина барномаи ҳидоятӣ ба аҳли маориф ва илми кишварро барои соли нави таҳсил муқаррар ва мавриди амал қарор медиҳад.

Ба ин муносибат соли нави таҳсилро ба ҳамаи Шумоён табрику муборакбод гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ ва фатҳи баланди қуллаҳои илму донишро таманно менамоям.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар саросари мамлакат фарзандони мо Рӯзи донишро зери осмони софу беғубор ва бо хушнудӣ ҷашн мегиранд.

Воқеан ҳам, сулҳ муҳимтарин неъмати рӯйи замин аст, зеро сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он мардум бо хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон ва ободии диёру ватани худ илму дониш ва касбу ҳунар аз бар менамоянд ва барои зиндагии шоиста заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Азбаски дар замони аз нигоҳи сиёсӣ пуртазоди муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба дигар давраҳо аҳамияти хоса касб кардааст, аз ин рӯ, имрӯз аҳли башар ба сулҳу оромӣ, ки муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошанд, зиёдтар эҳтиёҷ доранд.

     Ҳозирини гиромӣ!

Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Имрӯз дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи тамоми соҳаҳои мухталифи кишварамон ҳукумати мамлакат барои ҳаёти шоистаи хусусан ҷавонон ва таҳсилу омӯзиши онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Боварии комил дорам, ки шумо - насли ҷавон мутахассисони ояндаи кишвар ба қадри сулҳ, истиқлолияту озодии Ватанамон мерасед ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамоед, илму технологияи муосирро азхуд мекунед ва бо дониши аълои худ соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун гашта, дар рушду нумӯи ояндаи мамлакатамон саҳми арзандаи худро мегузоред.

Бори дигар, ҳамаи шумоён – омӯзгорон ва донишҷӯёни азизро ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва бошараф дастовардҳо ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак!

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top