Дар шаҳри Душанбе беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон муайян мегардад

Бинанда: 368 | Санаи нашр: 20 Август 2023

23-24 август дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ҳадафи озмун амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он дар Душанбе бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи бахшҳои занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд ва занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад.

 

20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top