Таҳлил намудани дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии даврони Истиқлолият

Бинанда: 675 | Санаи нашр: 28 Июл 2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи  беш аз 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мо метавонем ба як қатор рӯйдодҳои таърихи навини тоҷикон ифтихорманду шарафмандӣ дошта, пайваста дар роҳи таҳким бахшидани онҳо беш аз пеш дастаҷамъона дар фазои сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар партави сиёсати оқилонаву ояндасози Пешвои миллат фаъолияти судманд дошта бошем. Аз ҷумлаи дастоварҳо:

  • дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон;
  • ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон;
  • оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.
  • муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
  • эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  • ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат;
  • ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид;
  • ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард.

Дастоварҳо аз нигоҳи факту далелҳои арзишманд:

  • бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
  • дар тӯли зиёда аз сӣ соли истиқлолият 50 маротиба зиёд гардидани Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
  • нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст.
  • аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонида шудани теъдоди онҳо то имрӯз.
  • рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи Маҷмуӣ маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташакул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
  • таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд.
  • ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991 қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад.
  • ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти кишвар, ки дар таъмини амнияти озуқавории сокинон ва давлат нақши арзанда дорад.
  • дар зарфи се соли омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст.
  • дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 40 адад бо фарогирии қариб 230 ҳазор нафар донишҷӯ расонида шудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
  • баланд бурдани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ.
  • қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки соли 1991 ҳамагӣ ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ аз 1510 адади даврони ибтидоии соҳибистиқлолӣ.
  • 1,8 баробар кам кардани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,7 баробар кам кардани фавти кӯдакон.
  • ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимми  беш аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ чунин далелҳоро зикр намудан ба маврид аст:

– таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

– ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он;

– ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд;

– ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он;

– роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон;

– раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони  баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе”;

– амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра.

Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар  муддати беш аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг низ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони Карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Пешвои муаззами миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Ба наздикӣ масҷиди бузурги Душанбе ба истифода дода мешавад.

Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрӯз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад. 

Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 - 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Қатъномаи номбурда аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст

 

Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич- дотсент, мудири кафедраи менеҷмент

Туйчиқулов Зуҳалҷон Ҷониқулович – дотсент, мудири кафедраи назарияи  иқтисодӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top