Шиносоӣ бо фаъолият ва дастовардҳои донишкада

Бинанда: 639 | Санаи нашр: 17 Май 2023

16 - уми майи соли 2023 зимни сафари хидматӣ ректори ДДТТ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. бо гирандагони стипендияи раиси вилояти Суғд аз донишкада гуфтугӯи озод баргузор намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва азхуд намудани илмҳои муосир даъват карданд.

Сипас Хайрулло Назарзода бо шароиту имкониятҳои таълиму тарбия ва пойгоҳи моддию техникии факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ шинос гардида, аз толору синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, маркази таълимии бонкӣ, WEB - студияи сабти машғулиятҳои аудио-видеоӣ, деканат ва кафедраҳо дидан намуданд.

Инчунин, Назарзода Х.Х. ва директори донишкада Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ба факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ташриф оварда, аз лавҳаи дастовардҳои факултет, синфхонаҳои таълимии замонавӣ, озмоишгоҳҳои ташхиси молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, толори фитнес, парки технологии дӯхтани либосҳои миллию аврупоӣ, китобхонаи факултет, кафедраҳои тахассусӣ ва ошхона шинос гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки ректори ДДТТ Хайрулло Назарзода ба сифати таълиму тарбия ва имконияту шароити донишкада баҳои арзандаро муносиб дониста, барои боз ҳам тақвият бахшидани пойгоҳи моддию техникӣ, дарёфти грантҳо ва ба стандарти ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани раванди таълим маслиҳатҳои муфид дод.

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top