Тарбияи ватандӯстии ҷавонон

Бинанда: 644 | Санаи нашр: 19 Апрел 2023

19 – уми апрели соли 2023 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он прокурори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ ва оилавии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуғаффор Ғаффориён ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини декан оид ба тарбияи факултет Ҷовидон Сафаров оғоз намуда, дар бораи тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва худшиносию ватандӯстии ин қишри ҷомеа сухан гуфт.

Сипас Абдуғаффор  Ғаффориён перомуни таъсири манфии созмонҳои иртиҷоӣ ба наврасону ҷавонон, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ”, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Темуршоҳ Ғайратов дар мавзӯи “Пешгирии ҷалби ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ М. Каримов дар мавзӯи “Пешгирии воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро” суханронӣ карданд.

Инчунин, аз ҷониби садорати факултет ба чанде сарпарасти гурӯҳҳо ва донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо супорида шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top