Об – сарчашмаи ҳаёт

Бинанда: 715 | Санаи нашр: 17 Апрел 2023

Имрӯз (14.04.2023) дар донишгоҳ аз рӯи нақша – чорабиниҳои раёсати тарбия бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 ҳамчун соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в., дотсенти кафедраи менеҷменти факултети молия ва қарз Саидафзал Мизробов дар мавзӯи “Об – сарчашмаи ҳаёт” барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 260202 – менеҷмент дарси кушоди тарбиявӣ баргузор намуд.

Дарси кушоди тарбиявиро сарпарасти гурӯҳ Мизробов С.С. дар мавзӯи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ҷаҳонии масъалаҳои об ва иқлим” оғоз намуд. Сипас донишҷӯён Пиллаева Суратмо Шакарбековна дар мавзӯи “Об ва чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон”, Қароров Зокир Толибович  дар мавзӯи “Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол”, Абдуллоева Меҳрона Муҳаммадовна дар мавзӯи  “Захираҳои обӣ энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Сафарзода Азиза  Хуршед дар мавзӯи “Реки и озера. Природа Таджикистана” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ сардори раёсати тарбия Сайфулло Авғонов баромад намуда, зикр кард, ки 14 – уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 – уми худ Қатъномаи “Соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” – ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top