Сайри Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Бинанда: 771 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2021

11-уми ноябри соли 2021 донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва тиҷорати донишгоҳ бо роҳбарии муовини декан оид ба тарбия Фарҳод Шарофов аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дидан карданд.

Донишҷӯён дар толорҳои осорхона шуъбаҳои табиат, таърихи бостон, асрҳои миёна, таърихи нав, навтарин, санъати тасвирӣ ва амалиро тамошо карда, бо таъриху фарҳанг, маросиму анъана ва суннатҳои миллии тоҷикон шиносоии бештар пайдо намуданд.

Инчунин, донишҷӯён бо директори муассиса А. Ибодуллозода вохӯрда, таассуроти неки худро аз тамошои ёдгориву нигораҳои нодири он баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки муҳассилини донишгоҳ ба шарофати сайри таърихии осорхона маърифату маънавияташонро дар ҷодаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ боз ҳам ғанитар гардониданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top