Мизи мудаввар

Бинанда: 846 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2021

10-уми ноябри соли 2021 дар донишгоҳ бахшида ба 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – оғози ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С. оғоз намуда, доир ба аҳаммияти бузурги таърихии иҷлосияи тақдирсоз суханронӣ намуд.

Сипас иштирокчии бевоситаи иҷлосияи тақдирсоз ҳамчун вакили мардумӣ, профессори кафедраи молия Абдусаттор Ҷабборов дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯйдоди беназири таърихӣ”  маърӯзаи пурмазмун кард.

Донишҷӯёни курси якуми ихтисоси моля ва қарз Муҳаёхон Амонова ва Муҳаммад Зокиров низ доир ба мавзӯи матраҳшуда маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Инчунин, дар доираи мавзӯъ бархе аз омӯзгорон фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар сардори раёсати тарбия Сайфулло Авғонов ҳозиринро бори дигар ба ин рӯйдоди бузургӣ таърихи шодбош гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top