Рушди ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи UniCEN

Бинанда: 720 | Санаи нашр: 08 Ноябр 2021

Санаи 29-31 октябри соли 2021 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Барномаи ҳамкории донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (UniCEN): мубодилаи дониш, таҷриба ва устувории ҳамкориҳо байни донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА)" дар доираи барномаи UniCEN ва Шӯроҳои Амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодулии акдадемии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доткори PhD Абдувалиев М.Ҳ. иштирок намуд.

Дар чорабинии мазкур 51 нафар намояндагони донишгоҳҳои мухталифи ИМА ва Осиёи Марказӣ  иштирок намуданд, ки дар он масоили баланд бардоштани иқтидори таълимии донишгоҳҳои ҳамкор тавассути азнавсозии барномаи таълимӣ ва таҳияи курсҳои  таълимии муштарак дар доираи панҷ ҳадафи афзалиятноки Созмони Миллали Муттаҳид дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани иқтидори тадқиқотӣ ва инчунин тақвият бахшидани иқтидори институтсионалӣ барои дастгирии шарикии дарозмуддат байни донишгоҳҳои ИМА ва Осиёи Марказӣ мавриди барраси қарор гирифт.

Барномаи UniCEN таҷрибаи худро дар соҳаҳои банақшагирии стратегӣ, рушди маъмурият, тақвияти таҷрибаи муассисаҳо, табодули академии донишҷӯён, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва рушди касбияти хамткунандагон барои инкишофи ҳамкориҳои судманд нигаронида шудааст. Бояд қадй намуд, ки тавассути барномаи UniCEN зиёда аз 100 шабакаи ҳамкории донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта он барои омӯхтани таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА, баланд бардоштани сатҳи байналмилаликунонии донишгоҳҳо, таҳия ва татбиқи нақшаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли барномаи UniCEN маҳсуб ёфта раёсати донишгоҳ мунтазам ҳамкориҳои судмандро бо донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар доираи барномаи UniCEN ба роҳ монда истодааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори Шӯроҳои Амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ (American Councils for International Relations) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Уилиам Ороарк рушди ҳамкориҳоро байни муассисаҳои таҳсилотиии олии ИМА ва Осиёи Марказиро муҳим арзёбӣ намуд. Ичунин Уилиам Ороарк барои таҳияи лоиҳаҳои нав аз ҷониби ҳамкорон дар доираи барномаи UniCEN даъват намуда зимни маросими пӯшидашавӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.

Сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Абдувалиев М.Ҳ. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top