ДАСТОВАРДҲОИ НАВИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Бинанда: 799 | Санаи нашр: 08 Ноябр 2021

Хурсандибахш аст, ки дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соҳиби дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ гаштанд:

Ашуров Ғайрат Давлатович – дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ, (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2021, № 288/ди)

Ҳисориева Гулнора Тоҳировна – дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2021, № 289/ди)

Рустамов Фитрат Музафарович – дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2021, № 289/ди);
Мақсадов Ҳабибулло Исматович – дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих, (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2021, № 289/ди)
Идиев Соҳибназар Боронович – дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.11.2021, № 295/ди)
Меликов Умрилло Асадуллоевич – унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси ҳуқуқ (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2021, № 290/ди)
Абдувалиев Мубинҷон Ҳабибҷонович – дараҷаи илмии доктори PhD (Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Баскои Шоҳигарии Испания аз 15 октябри соли 2021, № 020А-087049)

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ омӯзгорони дар боло зикргардидаро бо ин дастоварди муҳимми илмӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбӣ таманно доранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top