Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 778 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2021

5-уми ноябри соли 2021 дар донишгоҳ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Ёқубҷон Абдураҳмонов ва корманди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷӯрахон Зоиров иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С. оғоз намуда, доир ба аҳаммияти Конститутсияи кишвар ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ маърӯзаи пурмазмун намуд.

Сипас, Ёқубҷон Абдураҳмонов аз номи Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳусайн Сафаралиевич омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи мамлакат табрику таҳният гуфт.

Дар идомаи ҷамъомад Ҷӯрахон Зоиров доир ба бахтномаи миллат, органҳои қонунгузори кишвар суханронӣ намуда, аз саҳми бузургу мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷир аҷам”-и донишгоҳ табъу рӯҳияи аҳли толорро болида гардонид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top