Нақши омӯзгор дар раванди таълим

Бинанда: 720 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2021

4-уми ноябри соли 2021 дар донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Мавқеи шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дар баланд бардоштани нақши омӯзгор дар раванди таълим” баргузор гардид.

Семинарро мудири шуъба, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳром Мараимов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки вазифаи шуъбаи мазкур барқарор намудани робитаи устувор бо омӯзгорони ҷавон, ёрию дастгирии илмию эҷодӣ ва методӣ ба онҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо истифодаи усулҳои интерактивии таълимӣ ва омода намудани мутахассисони болаёқат дар давраи иқтисодӣ бозорӣ мебошад.

Барои амалӣ намудани вазифаҳои зикршуда ҳамкории омӯзгорон бо шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим аҳаммияти зиёд дорад.

Сипас, мутахассиси шуъба Мардонқул Раҳмонқулов дар доираи мавзӯи матраҳшуда суханронӣ намуда, ба саволҳои омӯзгорони ҷавон посух гуфт.

Дар ҷамъбасти семинар Баҳром Мараимов ба ҳозирин барои иштироки фаъолона арзи сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top