Намоиши асарҳои Пешвои миллат

Бинанда: 769 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2021

Санаи 2-юми ноябри соли 2021 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷорати донишгоҳ дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар оғози он асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.

Ҷамъомадро сардори раёсати тарбия, дотсент Сайфулло Авғонов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.

Сипас мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, дотсент Ҷаъфар Неъмонов ва муаллими калони ҳамин кафедра Зарафшон Каримова бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Инчунин, доир ба мавзӯи матраҳшуда бархе аз омӯзгорону донишҷӯён фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.

Чорабинӣ дар фазои илмию эҷодӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top