Ифтитоҳи намоиши асарҳои Пешвои миллат

Бинанда: 757 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2021

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, 1-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ ифтитоҳи намоиши асарҳои Пешвои миллат таҳти унвони “Нақши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда” баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷамъомад иштирокдорони он бо асарҳои Пешвои миллат, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳаммияти бузурги асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, зиракии сиёсию бедори маънавии ҷавонон, ки дар тарбияи насли ояндасози кишвар нақши муассир мегузоранд, суханронӣ намуд.

Дар идомаи семинар мудири китобхонаи илмӣ Парвизи Садриддин ва корманди китобхона Султон Алиев доир ба мавзӯи мавриди назар маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Сипас, дар доираи мавзӯъ бархе аз омӯзгорону донишҷӯён фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Фарҳод Шаропов бори дигар аз аҳаммияти бузурги осори мондагори Пешвои миллат, саҳми беназири он дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон ёдовар шуда, иброз дошт, ки намоиши асарҳои Пешвои миллат дар китобхонаи донишгоҳ то санаи 16-уми ноябр идома меёбанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top