Истифодаи босамари технологияи муосир

Бинанда: 850 | Санаи нашр: 30 Октябр 2021

Ҷаласаи Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ, ки 30-юми октябри соли 2021 таҳти раёсати муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов сурат гирифт, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:

Амалӣ намудани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2021 “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; вазъи синфхонаҳои компютерӣ ва тахтаҳои электронӣ дар факултетҳои менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ, иқтисодиёт ва тиҷорат; ҳисоботи роҳбари шуъбаи бақайдгирию машваратӣ ва маркази тестӣ доир ба ҳолати кории барномаи “Идоракунии раванди таълим” ва фаъол будани он дар донишгоҳ; роҳандозии машғулиятҳои дарсии омӯзгорон дар синфхонаҳои бо проектор ва тахтаи электронӣ муҷаҳҳазгардида; ташкил ва гузаронидани семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим.

Дар доираи масоили матраҳшуда сардори шуъбаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сардори шуъбаи бақайдгирию машваратӣ ва маркази тестӣ, сардори раёсати таълим ва мудири кафедраи СИДИ андешаҳояшонро баён карданд.

Инчунин, иштирокдорони ҷаласа бо мақсади боз ҳам самараноктар истифода бурдани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top