Мизи мудаввар

Бинанда: 759 | Санаи нашр: 29 Октябр 2021

27-уми октябри соли 2021 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки онро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.

Сипас, ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 240101 Ҷабраил Исматов, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 250108 Комрон Нозимов ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 240101 Имрон Самадов доир Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуда, аҳаммияти бузурги ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллатро бо мисолҳои мушаххас баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни курси якум дар васфи Ватан ва бахтномаи миллат шеърҳо қироат карда шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top