Маҳфили илмии донишҷӯён

Бинанда: 778 | Санаи нашр: 27 Октябр 2021

27-уми октябри соли 2021 дар донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Саҳми омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз” баргузор гардид.

Маҳфил бо ибтикори омӯзгорони забони англисӣ – Дилноза Тӯраева ва Шаҳноза Сангинова гузаронида шуда, дар он як гурӯҳ донишҷӯён ба забони англисӣ доир ба мақому мартабаи омӯзгор дар таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва камолоти маънавию ахлоқии инсон шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳои пандомӯзро манзури аҳли толор гардониданд.

Дар хотимаи ҷамъомад декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Абдукарим Қурбонов суханронӣ карда, гузаронидани чунин маҳфилҳоро дар тарбияи насли ояндасози кишвар нек арзёбӣ намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top