Вохӯрии судманд

Бинанда: 788 | Санаи нашр: 25 Октябр 2021

25-уми октябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умедҷон Раҳмонзода ва Алишер Носирзода дар мавзӯи “Баррасии методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” бо роҳбарони сохторҳо баргузор гардид.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба мубрамият ва муҳиммияти мавзӯи зикргардида ибрози андеша кард.

Сипас, Умедҷон Раҳмонзода доир ба методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият, таҳлили шароити пешакии хавфҳои коррупсионӣ, назорати камераҳо зимни гузаронидани имтиҳонҳо, омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва пешгирии хароҷоти ғайриқонунӣ суханронӣ намуд.

Алишер Носирзода низ доир ба мавзӯи мавриди назар андешаҳояшро баён кард.

Инчунин, намояндагони агентӣ ба саволҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Саидов. С. С ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top