Мақсад: боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳо

Бинанда: 773 | Санаи нашр: 23 Октябр 2021

Рӯзи 21-уми октябри соли 2021 дар асоси нақшаи баргузории маҳфилҳои доимоамлкунандаи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” вохӯрии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон ва роҳбарони маҳфилҳои доимоамалкунандаи назди ташкилот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ҷоннок намудани муносибатҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани ҷавонон ва фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати боз ҳам фаъолноктар намудани донишҷӯёни донишгоҳ аст.

Аҳмадзода Дилноза Даврон зимни суханронӣ аз фаъолияти пурсамари маҳфилҳои доимоамалкунандаи ташкилот ёдовар шуда, саҳми донишҷӯёни донишгоҳро дар ин самт нек арзёбӣ кард ва аз номи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Раёсати ДДТТ, ба ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат изҳори сипос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ роҳбарони маҳфилҳои “Адибони ҷавон”-и назди ташкилоти зикргардида (Динора Ҷабборзода), “Волонтёрон”, (Нурзода Раббонӣ), “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (Раъно Хуршед), “Илм фурӯғи маърифат” (Шоҳрухзода Дилшод), “Стипендиантони ҷавон” (Давлатзода Шодмеҳр), “Роҳбалад” (Ҳасанзода Мадина) ва “Ҳуқуқшиносони ҷавон” (Сафаров Сайдамир) оид ба фаъолияти маҳфилҳо маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба суолҳои худ аз ҷониби баромадкунандагон посух гирифтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top