Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бахшида ба 50-солагии таъсисёбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов

Бинанда: 982 | Санаи нашр: 21 Октябр 2021

Муҳтарам Шодӣ Асомуродович!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шумо ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимовро ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии таъсисёбии донишкада самимона табрику муборакбод мегӯяд.

Мусаллам аст, ки варзиш соҳаи афзалиятнок ба шумор рафта, дар солимгардонии ҳар як фард ва ҷомеа нақши муҳим дорад. Он на танҳо муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ, балки таҳкимбахши дӯстиву бародарии халқияту миллатҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки варзишро қосиди сулҳ меноманд.

Боиси хурсандист, ки тавассути таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ривоҷу равнақи соҳа нақши муассир дорад. Аз ин ҷост, ки варзишгаронаш обрӯю нуфузи кишварро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ борҳо баланд бардошта, ба ифтихорашон Парчами ҷумҳурӣ  барафрохта шудааст.  

Маврид ба зикр аст, ки дар рушди соҳаи варзиш ва дастпарварони соҳа нақши Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки алҳол роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, беназир аст. Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз дастовардҳои беназири варзишии фарзандони Ватан, аз ҷумла Сайидмуъмин Раҳимов, Иброҳим Ҳасанов, Зебуниссо Рустамова, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо, Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва боз даҳҳо нафарони дигар, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мақоми баландро соҳиб гардидаанд, ифтихор мекунанд. 

Бо сарфарозӣ  метавон гуфт, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи кадрҳои баландихтисосу садоқатманд кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ва ба қатори давлатҳои пешрафтаи дунё табдил додани ин кишвари афсонавӣ минбаъд низ кӯшишу ғайрат хоҳанд кард. 

Дар ин рӯзҳои ҷашн ба коллективи бисёрҳазорнафараи ин боргоҳи илму маърифат ва ҳунару истеъдоди варзишӣ барору комёбиҳои боз ҳам бештарро таманно дорем.

 

Бо эҳтиром,

Қурбонзода М.Р.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top