Саҳми ҷавонони соҳаи кооператсияи матлубот дар рушди кишвар

Бинанда: 797 | Санаи нашр: 19 Октябр 2021

19-уми октябри соли 2021 дар донишгоҳ ҳамоиш таҳти унвони “Ҷавонони касбу кори гуногун ва намоиши дастовардҳои ҷавонони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар давраи 30-соли истиқлолият” баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович оғоз намуда, доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар рушду ободии донишгоҳ, комёбию дастовардҳои ҷавонони давраи истиқлолият ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуд.

Сипас, муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлат Ғаффорзода, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ Ҷабраил Исматзода доир ба масоили матраҳшуда маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Иттифоқи Тоҷикматлубот Талбак Худойназаров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шамс Ниёзов ва донишҷӯ Ҷабраил Исматзода сипоснома тақдим гардид.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” анҷомбахши чорабинӣ маҳсуб ёфта, хотири аҳли толорро болида гардонид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top