Вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси якум

Бинанда: 814 | Санаи нашр: 19 Октябр 2021

Имрӯз (19-уми октябри соли 2021) дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ баргузор гардид.

Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, суханро бо камоли эҳтиром ба Маҳмадалӣ Раҳмат вогузошт.

Ректори донишгоҳ нахуст донишҷӯёни соли аввли таҳсилро барои аз байни мактабҳои олии кишвар ДДТТ-ро интихоб намуданашон изҳори сипос намуда, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки аз рӯзҳои аввал бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва рушду нумуи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Барои мутахассиси рақобатпазир шудан, – гуфт ӯ, – дар донишгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Заминаи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва иқтидори кадрии донишгоҳ имконият медиҳанд, ки шумо донишҷӯёни азиз соҳиби илму дониш ва касбҳои интихобкардаатон гардед. Ҳар яки шуморо зарур аст, ки баҳри аз худ намудани донишҳои замонавӣ кӯшишу ғайрат ба харҷ дода, тартиботи дохилидонишгоҳиро риоя ва супоришҳои омӯзгоронро сари вақт ба иҷро расонед.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба таври муфассал доир ба масоили таълиму тарбия, ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, бахусус озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, татбиқи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф”, азхудкунии технологияҳои муосир, ширкат дар ҷаъмияти илмии донишҷӯён (ҶИД), тарзи истифодаи дурусти адабиёти илмӣ, навиштани корҳои курсӣ, дипломӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ, истифодаи дурусти интернет, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъмиятӣ, эҳтироми калонсолон, бахусус, устодону омӯзгорон, одоби муошират ва тартибу интизоми намунавӣ суханронӣ карда, изҳори умед намуд, ки донишҷӯёни курси якум анъанаҳои неки донишгоҳро идома дода, бо интизоми намунавӣ ва таҳсили хубу аъло ифтихори падару модар ва донишгоҳи азизашон мегарданд.

Дар хотимаи ҷамъомад Исматзода Ҷабраил аз номи кулли донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ ба ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барои дастуру маслиҳатҳои муфидашон изҳори сипос намуда, ӯро бовар кунонд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароитҳои муҳайёнамудаи маъмурияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ рақобатпазир, дар пешрафт ва ободию шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top