Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Фарзанди Тоҷикистонам”

Бинанда: 875 | Санаи нашр: 14 Октябр 2021

14-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳ давлатии тиҷорати Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони  даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фарзанди Тоҷикистонам”, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” гузаронида шуд, баргузор гардид.

Сарпарасти озмун Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад, ки доир ба масоили Зан – Модар ва мақому мартабаи он дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста чорабиниҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангиро баргузор менамояд.

Нахуст сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”  Шоҳона Одиназода ғолибони даври ниҳоии озмун ва ҳозиринро ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт ва аз хусуси ободиву шукуфоӣ ва дастовардҳои  даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, саҳми беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври барҷаста арзёбӣ кард.

Сипас, ба ғолибони номинатсияҳо сипоснома ва ҷоизаҳо тақдим карда шуд.

Дар ҷараёни озмун аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи ҷолиби фарҳангиву фароғатӣ манзури аҳли толор гардонида шуд.

Дар хотимаи ҷамъомад аз номи сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ба ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барои ҳамкории судманд сипоснома ва ҷоиза супорида шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top