Усулҳои таҳияи лоиҳаҳо ва фаъолона ширкат варзидан дар барномаҳои табодули академӣ

Бинанда: 771 | Санаи нашр: 14 Октябр 2021

Санаи 13-уми октябри соли 2021 аз ҷониби кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ  дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ, аз рӯи нақша, семинари навбатӣ дар мавзӯи «Усулҳои таҳияи лоиҳаҳо ва фаъолона ширкат варзидан дар барномаҳои табодули академӣ»  гузаронида шуд.

Дар кори семинар садорати факултет, мудирони кафедраҳо, кормандону омӯзгорони ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Семинарро декани факултет Муртазоев О.Қ., ифтитоҳ намуда, дар доираи мавзӯи матраҳгардида фикру мулоҳизаҳояшро иброз кард ва нақши семинари мазкурро дар ҳавасманд гардонидани омӯзгорону кормандони факултет ҷиҳати иштироки фаъолона дар табодули академӣ ва таҳияи лоиҳаҳо зикр намуд.

Сипас, Сардори шуъба Абдувалиев М.Ҳ. баромад намуда, дар бораи лоиҳаҳои амалишаванда ва муҳиммияти фаъолона ширкат варзидани омузгорони донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ суханронӣ намуд.

Баъдан, мутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳо Эшов М.А. оид ба таҳия намудани лоиҳа ва роҳҳои пайдо намудани бурсияҳо ва иштирок дар озмӯнҳои ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top