Cеминар дар мавзӯи «Улулҳои таҳияи лоиҳаҳо ва фаъолона ширкат варзидан дар барномаҳои табодули академӣ»

Бинанда: 706 | Санаи нашр: 13 Октябр 2021

Санаи 12-уми октябри соли 2021 аз ҷониби кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ  дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, аз рӯи нақша, семинар навбатӣ дар мавзӯи «Улулҳои таҳияи лоиҳаҳо ва фаъолона ширкат варзидан дар барномаҳои табодули академӣ»  гузаронида шуд.

Дар кори семинар садорати факултет, мудирони кафедраҳо, кормандону омӯзгорони ва як чанд донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Сардори шуъба Абдувалиев М.Ҳ. баромад намуда, дар бораи лоиҳаҳои амалишаванда ва муҳиммияти фаъолона ширкат варзидани омузгорони донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ суханронӣ намуд.

Сипас, мутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳо Эшов М.А. оид ба таҳия намудани лоиҳа ва роҳҳои пайдо намудани бурсияҳо ва иштирок дар озмӯнҳои ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми семинар декани факултет Қурбонов А. дар доираи мавзӯи матраҳгардида фикру мулоҳизаҳояшро иброз намуда, аз иштирокчиёни семинар даъват ба амал овард, ки бо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳо ва иштирок варзидан дар табодули академӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин семинарҳо дар дигар факултетҳои   донишгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top