Усулҳои таҳия намудани лоиҳа ва роҳҳои пайдо намудани бурсияҳо

Бинанда: 947 | Санаи нашр: 08 Октябр 2021

Санаи 8-уми октябри соли 2021 аз ҷониби кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ  дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорат семинар дар мавзӯи « Усулҳои таҳияи лоиҳаҳо ва фаъолона ширкат варзидан дар барномаҳои табодули академӣ»  гузаронида шуд.

Дар кори семинар садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва кормандону омӯзгорони факултет ширкат варзиданд.

Семинарро декани факултет Ҷабборов А.И. ифтитоҳ намуда, дар доираи мавзӯи матраҳгардида фикру мулоҳизаҳояшро иброз кард ва нақши семинари мазкурро дар ҳавасманд гардонидани омӯзгорону кормандони факултет ҷиҳати иштироки фаъолона дар табодули академӣ ва таҳияи лоиҳаҳо зикр намуд.

Баъдан,  мудири шуъба Абдувалиев М.Ҳ. баромад намуда, дар бораи лоиҳаҳои амалишаванда ва муҳиммияти фаъолона ширкат варзидани омузгорони донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ суханронӣ намуд.

Сипас, мутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳо Эшов М.А. оид ба усулҳои таҳия намудани лоиҳа ва роҳҳои пайдо намудани бурсияҳо ва иштирок дар озмӯнҳо ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми семинар профессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ Нидоев Н.Ф. фикру андешаҳои худро баён намуд.

Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин семинарҳо дар дигар факултетҳои   донишгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top