Забони миллат – ҳастии миллат

Бинанда: 905 | Санаи нашр: 06 Октябр 2021

6-уми октябри соли 2021 дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Забони миллат-ҳастии миллат” баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия Исупова Б. Ф. оғоз ёфт.

Сипас, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Каримов, номзадҳои илми филологӣ, мудири кафедраи забонҳо Масъуд Қаҳҳоров, Бобишоҳи Насриддиниён ва Ҷамшед Гурезов дар мавзӯъҳои “Забони миллӣ-забони фарҳанг”, тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” ва “Забон-ҷавҳари ҳастии миллат” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, бори дигар аз бузургию тавоноӣ ва балоғату фасоҳати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ ёдовар гардиданд.

Дар хотимаи конференсия аз ҷониби донишҷӯёни фаъол дар васфи ватан, модар ва забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top