Масоили муосири илми назарияи иқтисодӣ

Бинанда: 842 | Санаи нашр: 07 Октябр 2021

Санаи 06 октябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили муосири рушди илми назарияи иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва мутахассисони фанни назарияи иқтисодии донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Дар рафти семинари илмию амалӣ масъалаҳои муосири рушди илми назарияи иқтисодӣ, мавқеи илми назарияи иқтисод дар раванди тағйирёбии барномаҳои таҳсилотӣ, ҷалби мутахассисони бахши давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати татбиқи ақидаҳои назариявӣ дар амалия ва нақши илми назарияи иқтисод дар ташаккули салоҳиятҳои касбии мутахассисони оянда мавриди баррасӣ ва мубоҳиса қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаҳои муҳимтарини рушди илми назарияи иқтисодӣ профессор Исоматов Б.И., дотсентон Юнусова М.М., Туйчиқулов З.Ҷ. ва Абдувалиев М.Ҳ. бо маърӯзаҳо баромад карданд.  

Дар муҳокимаи масъала мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Кабиров С., мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Амаков И.Б. ва дотсент Аюбов Д.М. иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Маърӯзачиён ва иштирокчиёни семинар тавсия ва пешниҳодҳои худро оид ба рушди минбаъдаи илми назарияи иқтисодӣ, такмили барнома, сифат ва мазмуни китоби дарсии фанни назарияи иқтисодӣ манзур намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top