Таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ

Бинанда: 1026 | Санаи нашр: 05 Октябр 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз намуда, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати ҷашнҳои зикршуда табрику таҳният гуфт ва доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ, бедории фикрию ахлоқи неки инсонӣ, илму маориф, шарафу виҷдони ҷомеа будани омӯзгор, рукни муҳимми давлати миллӣ маҳсуб ёфтани забон, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва риояи қонуну қоидаҳои он ба таври муфассал суханронӣ намуд.

Дар идомаи ҷамъомад Маҳмадалӣ Қурбонзода ба омӯзгорону кормандони фаъоли донишгоҳ ва литсейи назди он, ки дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди донишгоҳу литсей саҳми арзанда гузоштаанд, нишонҳои “Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот ва сипосномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро тақдим намуд.

Сипас, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов аз номи раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ ба Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устувор намудани заминаи моддию техникии донишгоҳ, дастгирии иҷтимоии омӯзгорону кормандон ва ба муносибати ҳимояи рисолаи докторӣ Сипоснома супорид.

Барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”, ки ба васфи муаллим, забони нобу шоиронаи точикӣ, Ватан ва Пешвои муаззами миллат бахшида шуда буданд, анҷомбахши ҷамъомади тантанавӣ гардид.

Инчунин, толори асосӣ ва ошхонаи донишгоҳ, ки баъд аз таъмиру тармими хушсифати замонавӣ намои зебо ба худ касб намуданд, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top