Ҷаласаи Шӯрои сарпарастон

Бинанда: 711 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2021

Дар донишгоҳ 30-юми сентябри соли 2021 ҷаласаи Шӯрои сарпарастон доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Исупова Б. Ф. иштирок намуда, доир ба рӯзномаи он ба аҳли толор маълумот пешниҳод кард.

Дар идомаи ҷаласа мутахассис оид ба бахши донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ Ибрагимова С.В. ва мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона Ҷамила Ғафурова доир ба риояи “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ”, омодагӣ ба Рӯзи омӯзгор, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Сипас, Басгул Исупова доир ба баланд баровардани сифати таълиму тарбия ва дараҷаи дониши донишҷӯён, босамар гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, риояи тартибу интизом аз ҷониби муҳассилин ва корҳои тарбиявӣ дар факултетҳо ибрози андеша намуда, зикр кард, ки иҷрои корҳои баёншуда аз кордонию масъулиятшиносии ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва аъзои Шӯрои сарпарастон вобастагии зиёд дорад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top