ТАҶЛИЛИ ДУ ҶАШНИ БУЗУРГ

Бинанда: 805 | Санаи нашр: 01 Октябр 2021

1-уми октябри соли 2021 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯъҳои “Омӯзгор – тарбиятгари инсон” ва “Забони миллат – ҳастии миллат” дарси кушоди тарбиявии сарпарастони курси чоруми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва курси сеюми ихтисоси ташкили робитаҳои фарҳангӣ – Назира Азизова ва Замир Нурмаҳмадов баргузор гардид.

Дар дарси кушоди тарбиявӣ донишҷӯён дар бораи омӯзгор ва забони давлатӣ андешаҳояшонро баён намуда, рақсу сурудхонӣ карданд ва саҳнаҳои тарбиявӣ намоиш доданд.

Дар фарҷоми дарси кушоди тарбиявӣ декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Абдукарим Қурбонов ба сарпарастон ва ду гурӯҳи зикршуда сипоснома ва ифтихорномаҳоро тақдим намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top