Машварати корӣ

Бинанда: 766 | Санаи нашр: 01 Октябр 2021

Дар донишгоҳ 1-уми октябри соли 2021 машварати корӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Машваратро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С. оғоз намуда, доир ба таҳлили раванди таълим, роҳҳои баланд бардоштани сифати он ва дигар масоили мавриди назар ибрози андеша кард.

Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Исупова Б.С. андешаҳои худро доир ба масоили тарбиявӣ, аз ҷумла, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои сарпарастӣ, татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва тартиботи дохилидонишгоҳӣ баён намуд.

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шаропов Ф.Р. доир ба ҷоннок намудани маҳфилу семинарҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳбарии илмӣ ва дастгирии унвонҷӯёну аспирантон, рушди забони миллии илм ва баланд бардоштани мақоми илм ибрози назар намуд.

Дар фарҷоми машварат як гурӯҳ омӯзгорон фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба масоили матраҳгардида баён карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top