Вохӯрӣ дар хобгоҳи донишҷӯён

Бинанда: 734 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2021

30-юми сентябри соли 2021 дар хобгоҳи донишҷӯён гурӯҳи корӣ бо роҳбарии декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, дотсент Абдукарим Қурбонов вохӯрӣ баргузор намуд, ки мақсади он аз наздик шинос шудан бо вазъу шароити донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда иборат буд.

Вохӯриро муовини декан оид ба тарбияи факултети зикршуда Ҷовидон Сафаров оғоз намуда, донишҷӯёни курси якумро ба муносибати ноил гардидан ба номи пуршарафи донишҷӯӣ табрику таҳният намуд.

Сипас, Абдукарим Курбонов, директори литсейи назди ДДТТ Зафар Маҳмадуллоев ва дигарон доир ба тартибу низом дар хобгоҳ, интизому масъулиятшиносии донишҷӯён, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, баргузор намудани маҳфилҳои илмию эҷодӣ ва дигар масоили мавриди назар ибрози андеша намуда, ба саволҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top