Дараҷаи баланди илмӣ муборак бод!

Бинанда: 810 | Санаи нашр: 29 Сентябр 2021

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба рушду тавсеаи илму маорифи кишвар мусоидат намуда, боиси афзудани шумораи олимону муҳаққиқони ҷавони болаёқату ояндадор гардид.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ба масъалаи омода намудани мутахассисони ҷавону салоҳиятноки илмию омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, ки далели равшани он дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаҳои илмии номзадию доктории омӯзгорони донишгоҳ аст.

29-уми сентябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсиони 6D.KOA-014-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи илмӣ дар мавзӯи “Такмили механизми ташаккул ва рушди сохторҳои кооператсионӣ-ҳамгироӣ дар зеркомплекси пахта (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ руйдоди фараҳбахши илмии донишгоҳ ба шумор рафта, сафи олимону муҳаққиқони ин боргоҳи илму маърифатро зиёд ва иқтидори илмии онро нерӯмандтар гардонид.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳматро бо ин дастоварди илмиаш самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбӣ орзу доранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top